<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><hymn_number>16</hymn_number>
<title>Рӯҳу ҷони ман СЧҲ16</title>
<lyrics>[V1]
 Рӯҳу ҷони ман муштоқи Ту аст,
 Толиби ҳузури Туам.
 Таҳти қудрати рӯҳат, эй Падар,
 Ҷисмамро мутеат кунам.
 Нақ.: Бишкан ин пӯстаи сахти ман,
 Эй Худо, бо рӯҳи Худ,
 То шавам озод зи қайди ҷисм,
 Бинамат дар умқи вуҷуд.

[V2]
 Рӯзаю дуо мешканад маро,
 То шавам шабеҳи Исо.
 Атри маърифату шинохти Ту
 Бахшад зиндагиро сафо.

[V3]
 Пирӯзӣ бар ҷисм хости рӯҳи Туст,
 Андар ин набарди дарун,
 Файз ато намо, то ғолиб шавам,
 Гардад ин тани ман забун.</lyrics>
</song>